Абдуғаффори Камол: «Саодати башар дар риояи қонунҳост»

Ноябрь 5, 2015 12:08

Душанбе, 5. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Бахшида ба 21-умин солгарди қабули Сарқонуни ҶТ бо таҳлилгари  масоили сиёсӣ Абдуғаффори Камол суҳбат кардем, ки фишурдаи онро пешкашатон мекунем.

«Ховар»: Мафҳуми ҳуқуқ ва озодии инсонро Шумо чӣ гуна дарк мекунед? 
  
А. Камол: Ҳарчанд ман ҳуқуқшинос нестам, аммо хамчун як шаҳрванд ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро чунин дарк мекунам, ки инсон ғайр аз қонун вобастаи касе ё чизе набояд бошад, ғайр аз қонун аз касе натарсад ва ғайр аз қонун ҳеҷ  кас назари  шахсӣ ва андешаи худро ба ӯ таҳмил карда натавонад.  Сарқонун  ошкоро овардааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон олитарин арзиш мебошанд. Воқеан ҳамин ҳуқуқу озодиҳоро  агар  инсон надошта бошад, зиндагияш ягон маънӣ дошта наметавонад. 

«Ховар»: Оё ҷавонони тоҷик имрӯз  дониши ҳуқуқии кофӣ доранд? 

А. Камол: Дониши ҳуқуқии ҷавонони имрӯза дар муқоиса бо солҳои пешин  хеле хуб аст, вале  ҳанӯз ҳам такмил мехоҳад.  Яъне,  мо бояд коре кунем, то  ҷавонони имрӯза ба ду чиз эътиқод ва бовар пайдо кунанд. Аввал   ба ояндаи хуби ин сарзамин ва мамлакат,  сулҳу суботи он ва  ояндаи дурахшон.
Дуввум, ҷавонон  бояд бинонанд, ки имрӯз танҳо  бар асоси дониш, таҷриба ва истеъдодҳои шахсӣ метавонанд ба ҷое расанд. Ҷавонон бояд дунболи омӯхтану таҷриба гирифтану сайқал додани худ бошанд, на дунболи дигар чизҳо.  Ба андешаи ман аз замоне, ки дохил шудан  ба донишгоҳҳо  ба шакли тестӣ гузашт, дар Тоҷикистон   бисёр қадами бузурге ба адолати иҷтимоӣ гузошта шуд ва  мо таъсири онро ба ҷомеа ва ҷавонон  мебинем. Агар мо дар ҳамаи самтҳо бо чунин шаффофият  ва эътимоднокӣ  қадам  монем, ҳамин адолати иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. 

«Ховар»: Имрӯз Тоҷикистон дар риояи қонуну озодии инсон аз кадом давлатҳо метавонад ибрат бигирад?

А. Камол: Пас аз ба даст овардани мустақилият чунин саволҳо хеле зиёд буданд, вале имрӯз ин суол хеле кам ба миён меояд, зеро мо роҳи худро аллакай ёфтаем. Мо кишвари демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд сохтем. Баръакс, имрӯз давлатҳое ҳастанд, ки моро сармашқи худ бар улгуи ояндаи худ қарор медиҳанд. Мо дар ин 24 сол, дар давлатсозӣ чунон таҷриба гирифтем ва бо ин сиёсати дурандешона ва мудаббиронаи Роҳбари давлатамон имрӯз мо ниёзе барои  пайравӣ кардан ба  давлате надорем, танҳо бояд таҷриба омӯзем.  Мо бо ҳамаи давлатҳо робита мекунем,   аз таҷрибаи онҳо меомӯзем.   Тоҷикистон аллакай роҳи худро ёфтааст,  сиёсати миллии худ, ҳатто  дипломатияи миллии худро сохтааст  ва бигзор дигар давлатҳо аз мо ибрат бигиранд. 

«Ховар»: Ба андешаи Шумо мавқеи Конститутсия дар ҷомеаи имрӯза чи гуна аст?

А. Камол:  Конситутсия санади асосӣ ва боло бар ҳамаи қонунҳост. Агар он риоя нашавад, ҳеҷ давлате пеш намеравад ва ҳеҷ миллате ба саодат намерасад.  Тамоми  қонунҳои Тоҷикистон аз Сарқонун  сарчашма мегиранд.  Барои ҳамин Сарқонун асоси ҳамаи қонунҳо буда,  бе Сарқонун давлат  мисли нобинои бе  асо мебошад. Аз ҳамин сабаб  бояд нақши Сарқонун хеле боло бошад.  Вақеан  Сарқонун бояд ҳамчун  як китоби муқаддас эътироф шавад,  ҳама онро бидонанд ва риоя кунанд. Саодати башар дар риояи қонунҳост. 

Мусоҳиб Лайло Тоирӣ

Ноябрь 5, 2015 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!