Ҳадаф- тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун ва арзишҳои миллӣ
Хуҷанд, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Дирӯз дар шаҳри Қайроққум таҳти унвони “Пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро” вохӯри доир гардид. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилоятӣ иттилоъ доданд, то имрӯз чунин чорабиниҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Қайроққум, Чкалов баргузор гардида, мутобиқ ба нақшаи тасдиқгардида дар назар аст дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ идома ёбанд.
Дар вохӯрӣ фаъолон, раисони ҷамоат ва кумитаи маҳаллаҳо, имом-хатибон, донишҷӯёни макотиби олӣ ва литсейҳои касбӣ-техникӣ, толибилмони синфҳои болоӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.
Намояндагони мақомот зикр карданд, ки ҳадафи вохӯриҳо- ин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, аз қабили ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро ва тамоилҳои бегонапарастӣ ва ба ин васила тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






