Адвокатҳоро имтиҳони ҷиддӣ дар пеш аст
Душанбе, 05.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар Тоҷикистон минбаъд адвокатҳо ва шахсоне, ки ба фаъолияти адвокатӣ машғул мешаванд, аз аттестатсия мегузаранд. Бояд зикр кард, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 4 ноябр пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳуриро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» баррасӣ намуда, онро қабул кард.
Рустам Шоҳмурод -вазири адлияи кишвар гуфт, ки дар назди Вазорати адлия Комиссияи тахассусӣ оид ба гузаронидани аттестатсияи адвокатҳо таъсис ёфтааст. Ба ҳайати Комиссияи тахассусӣ 5 намояндаи адвокатура, ду намояндаи Вазорати адлияи кишвар, як намояндагӣ аз Маҷлиси намояндагон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомиланд. Вазир гуфт, ки тартиби гузаронидани аттестатсияи адвокатҳоро Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Аттестатсия дар панҷ сол як маротиба гузаронида мешавад. Яке аз талаботи аттестатсия на кам аз ду сол доштани таҷрибаи корӣ дар адвокатура ва маълумоти олӣ буда, синн маҳдудият надорад.
Ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти адвокатҳо, инчунин таҳкими хизматрасонии ҳуқуқӣ аз сӯи адвокатҳо ба шаҳрвандон мебошад. Бояд зикр кард, ки масъалаи ироаи сифати баланди хизматрасонии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон дар Конститутсияи кишвар кафолат дода шудааст ва давлат бояд онро таъмин намояд.
Ҳамзамон вазир афзуд, ки солҳои охир шаҳрвандони кишвар нисбат ба сатҳи хизматрасонии ҳуқуқии баъзе адвокатҳо шикоят менамоянд. Ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби адвокатҳо мусоидат хоҳад кард. Мавриди зикр аст, ки тибқи тағйирот ба ин лоиҳаи қонун минбаъд шахсоне, ки доғи судӣ доранд, аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд ё онро аз даст додаанд, ё барои иқомати доимӣ ба хориҷи кишвар ҳиҷрат менамоянд, ё дар баррасии парванда ба ҳайси машваратчии халқӣ иштирок дошта ё бо машваратчии халқӣ иртиботи хешу таборӣ доранд, ҳуқуқ надоранд дар мақоми адвокат фаъолият намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






