Афғонистон хостори сармоягузории ширкатҳои қазоқистонӣ шудааст
Душанбе,21.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷараёни сафари Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Афғонистон ба Қазоқистон чанд мувофиқаномаҳои ҳамкории байни ду кишвар ба имзо расидааст. Роҳбари давлати Афғонистон аз ширкатҳои қазоқистонӣ хостааст, то дар равандҳои зербиноӣ, бахусус роҳи оҳан дар Афғонистон сармоягузорӣ кунанд.
Тибқи гузориши хабаргузории «Пажвок», дар ин дидор сарони ду давлат вазъияти кунунӣ ва ояндаи ҳамкории миёни Афғонистон ва Қазоқистонро мавриди баҳс қарор додаанд.
Тавре ки дар гузориш омадааст, Нурсултон Назарбоев, Президенти Қазоқистон бар густариши ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амнияти ҷаҳонӣ таъкид карда, аз Президенти Афғонистон ба хотири ҳимоят аз номзадии ин кишвар барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2017-2018 қадрдонӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ таърихи 19-20 ноябри соли ҷорӣ бинобар даъвати Нурсултон Назарбоев аз Қазоқистон дидори расмӣ ба амал оварда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






