Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 16.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ- 2015 (ҲУС-2015) дар Тоҷикистон аз 16-ум то 20-уми ноябр баргузор мегардад. ҲУС-2015 бузургтарин чорабинӣ дар ҷаҳон барои навоварон ва стартаперҳое мебошад, ки барои рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии инсон ғояҳои навро дар амал татбиқ мекунанд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон ташкил мешавад.
Чорабинии аввали расмии Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Соҳибкорӣ — нигоҳи инноватсионӣ ба рушди иқтисодиёт” мебошад, ки рӯзи 16-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.
17-уми ноябр Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ дар пойтахти Тоҷикистон оғоз меёбад. Дар Гӯшаи амрикоӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе видеоконфронси интерактивӣ бо Сергей Грибов-соҳибкор дар соҳаи технология ва сармоягузорӣ, муассиси шумораи зиёди стартап-лоиҳаҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил ва Русия мегузарад. Ҳамзамон пахши видеоконфронс дар гӯшаҳои амрикоӣ дар шаҳрҳои дигари мамлакат: Хуҷанд, Панҷакент, Исфара, Ғарм, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Мурғоб гузаронида мешавад.
Чорабиниҳои асосӣ дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ 18-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Қисми асосии ҳафта форуми байналмилалӣ барои соҳибкорон «Соҳибкорӣ — нигоҳи инноватсионӣ ба рушди иқтисодиёт» мебошад.
Дар форуми мазкур муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, аъзои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Лесли Ҳэйден, Сафири Британиёи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Филпотт, мушовири калони Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаи соҳибкории ҷавонон хонум Ванесса Бери, менеҷери минтақавӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва давлатии ширкати “Google” дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Алекс Лонг, директори кулли ширкати “EGI Development” хонум Карин Шипман сухан мекунанд.
Директори Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ Дэниел Заретски экосистемаи Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкориро, ки дар саросари ҷаҳон фаъолият дорад, муаррифӣ мекунад.
Худи ҳамон рӯз аз ҷониби созмони байналмилалии “CESVI” мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳунармандӣ дар Тоҷикистон: рушди устувор ва ҳамаҷониба” баргузор мегардад, ки дар он маркази ҳунармандии маҷмааи «Наврузгоҳ» пешкаш мешавад.
Рӯзи панҷшанбе, 19-уми ноябр, дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ сабақҳои ихтисосӣ аз ҷониби коршиносон гузаронида мешаванд.
Аъзои Палатаи савдои Амрико рӯзи охирини Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ташрифҳои таълимӣ ба идораҳо ва иншооти саноатиро ташкил менамоянд. Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон ташрифҳои омӯзиширо ба ташкилоти “Tcell”, “Coca-Cola Тоҷикистон”, “FINCA Тоҷикистон” ва “Sheraton Hotel Dushanbe” ташкил мекунад. Ҳадаф аз он шинос намудани донишҷӯён бо фаъолияти ширкатҳои байналмилалӣ мебошад.
Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ бо баргузор шудани форуми занон, ки аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ташкил мешавад, ба итмом мерасад. Форум дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо ширкати коршиносони байналмилалӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар форум намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ, агросаноатӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






