Афзоиши узвият ба ҲХДТ-ҳизби сулҳовар
Душанбе, 9. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамеша бо иқдомҳои наҷиб ва созандаи хеш дар байни аҳолии вилоят фаъолият намуда, барои таҳкими сулҳу оромии фазои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои давлату ҳукумати Тоҷикистон корҳои созанда ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд. «ҲХДТ кафили сулҳ, ваҳдат ва ҳамдилӣ» аз иқдомҳои навбатии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ мебошад, ки ба шарофати роҳандозӣ намудани ин иқдом ҳизб дар як муддати кўтоҳ сафи аъзои хешро ба 83000 нафар расонид.
Ҳафтаи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 1201 нафар, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 900 нафар, ноҳияи Айнӣ — 240 нафар, шаҳри Исфара — 250 нафар ва дар ноҳияи Конибодом 340 нафар таҳти иқдоми ТҶҶ «Созандагони Ватан» — «Сулҳ ба ҳама!» узвияти хешро ба ин ҳизби сулҳофар эълом доштанд. «Ман аъзои ҲХДТ мешавам, зеро маҳз ҳамин ҳизб барои кишвари азизи мо сулҳ овард!» — чунин буд андешаи аксари ҷавононе, ки тақдири хешро бо бовари комил ба ин ҳизби раҳнамои сулҳовар бахшидаанд. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 3000 нафар аъзои ҲХДТ гардиданд. Бале, ин воқеият аст, имрўз ҲХДТ ҳамчун ҳизби бавуҷудорандаи сулҳу субот, оромӣ, ваҳдат, ҳамдилӣ ва ҳамандешӣ, бунёдкору созанда дар дили миллионҳо сокинони Тоҷикистон мавқеи мустаҳкам пайдо кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






