Ҷаласаи корӣ дар КМИР ҶТ
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси КМИР Саидбой Зокиров ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи расонидани ёрии амалии комиссия ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барррасӣ гардид.
Хотиррасон бояд намуд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи кормандони дастгоҳи комиссия гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мақомоти маҳаллӣ ёрии амалӣ расонида истодааст.
Дар рӯзхои наздик гурӯҳҳои кории КМИР сафарҳои кории худро дар якчанд ноҳияҳои вилояти Хатлон ба анҷом расонида, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши дахлдор пешниҳод менамоянд.
Инчунин КМИР Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи худро ба ҳайси нозири байналмилалӣ ба раъйпурсие, ки 6 декабри соли равон дар Арманистон оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ин давлат баргузор мегардад, равон менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






