Ҷаласаи Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ дар Остона
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори Бонки марказии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона ҷаласаи тадорукотии Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони бонкҳои марказии (миллии) Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Русия, Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Бонки миллии Тоҷикистонро дар машварат сардори Шуъбаи навтаъсиси бонк оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои хизматрасониҳои низоми бонкӣ Рукмина Сафарова намояндагӣ намуд.
Иштирокдорони ҷаласаи тадорукотӣ дар мисолҳои мушаххас моделҳои гуногуни ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро, ки дар давлатҳои номбаршуда истифода мешаванд, таҳлил намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, омӯхтани таҷриба ва андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба ҳалли масъалаҳои қарзҳои мушкилситон, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ бо муаррифиномаҳои ҷолиб мубодилаи афкор карданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






