Ҳалок гардидани се ҷавони 20-сола дар садамаи нақлиётӣ
Душанбе, 26.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -25-уми ноябри соли равон ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра”, ҷавони 20-сола, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “КИА-Спортеж”, таҳти идораи ронанда, сокини 42-солаи шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони мошини “Опел-Вектра”-се ҷавони 20-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






