Ҳалокати ду пиёдагарди хурдсол дар садама
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).-9-уми ноябри соли равон ронандаи мошини тамғаи Hyundai Starex, сокини 34-солаи ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Чаноқ-Бӯстон дар ҳудуди шаҳраки Бӯстони ҳамин ноҳия, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 7-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи мошини тамғаи Опел-Астра, сокини 43-солаи ноҳияи Истаравшан ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарчаи 6-солаи сокини ҳамин деҳаро пахш намудааст. Дар натиҷа, кӯдаки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






