Ҳамдардии Сироҷидин Аслов дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Париж
Душанбе, 17.11.2015 (НИАТ «Ховар»).- 17 ноябри соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов аз Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон боздид намуда, дар китоби тасаллият ҳамдардии худро ба мардуми Фаронса дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Париж, ки рӯзи 13 ноябри соли равон рух дод, сабт намуд.
С. Аслов зимни суҳбат бо сафири Фаронса Дидйе Леруа ба ҳамаи кормандони сафорат ва мардуми дӯсти Фаронса ҳамдилӣ ва ҳамдардии самимиро изҳор намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






