Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Бохтар 7 моҳ қатъ мегардад
Душанбе, 25.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади навсозии кӯчаи Бохтар ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи М. Миршакар шурӯъ аз фардо, 26 ноябри соли 2015 то 30 июни соли 2016, яъне ба муддати ҳафт моҳ қатъ мешавад.
Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои шаҳрӣ муваззаф гардидаанд, ки дар ин муддат самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро, ки аз чорроҳаи кӯчаҳои Бохтар — Ф.Ниёзӣ мегузарад, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот ворид намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки зимни навсозии кӯчаи Бохтари пойтахт бархе аз дарахтони кӯчаи мазкур баратараф шуда, ба ҷои онҳо ниҳолҳои нав шинонида мешаванд. Ҳезуми дарахтони бартарафшаванда дар ҳаҷми 108 м3 ба мувозинати ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида мешавад.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






