Ашт: Бунёди сардхона ва маркази савдо аз ҷониби соҳибкор
Душанбе, 21.11.2015. (АМИТ Ховар).-Дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт сардхона ва маркази савдо аз ҷониби соҳибкор Пӯлод Ашӯров бунёд мешавад. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он сардхона барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ сохта мешавад. То имрӯз аллакай қисмати бештари корҳо ба сомон расонида шуда, дар нақша аст то оғози фасли баҳор иншооти мазкур пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Маблағи умумии иншооти мазкур беш аз 1 миллион сомонӣ буда, то кунун ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ корҳо ба сомон расонида шудаанд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур дастур дод, ки ҷараёни сохтмон ва васлу насби таҷҳизот дар сардхона бояд бо усули замонавӣ ба роҳ монда шавад. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад дар сурати захира кардани маҳсулот дар фасли сармо бозори минтақа таъмин ва нархаш низ дастрас гардад.
Дар қабати дуввуми бино бунёди маркази савдо ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Абдураҳмон Қодирӣ зимни боздид тавсия дод, ки дар як қисмати бинои мазкур маркази ҳунаромӯзӣ барои бонувон ташкил шавад, зеро ба ин восита метавон шумораи зиёди занону духтаронро ба касбомӯзӣ фаро гирифта, ҳамзамон истеҳсоли матоъҳои хушсифати дастиро ба роҳ монд, ки харидорони сершумори худро доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






