Қатъи фаъолияти ТАҚХ “Буроқ-1”
Душанбе, 26. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Фаъолияти боз як ташкилоти амонатии қарзии хурд катъ гардид. Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ» ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамал “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилоти қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли ҷорӣ фаъолияти ҶСП ТАҚХ “Буроқ-1” бо дархости он оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардонида шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, чун дигар ташкилоти қарзии чанде пеш аз фаъолият бозмонда, сатҳи миёнаравии молиявии ТАҚХ “Буроқ-1 “ низ дар бозори молиявии ҷумҳурӣ тайи чанд моҳи охир коҳиш ёфта буд.
Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ин ташкилоти амонатии қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шудааст, бозхонд мешавад.
Илова бар ин, мақомоти ваколатдори ташкилоти номбурда уҳдадор шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд.
Ҳамчунин комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор гардид, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






