Ба Қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ» тағйирот ворид мешавад

Ноябрь 16, 2015 10:14

Душанбе,16.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018 дар ҷаласаи Шӯрои  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир гардид, баррасӣ шуданд. Дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»,  «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»,«Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 ва лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» баррасӣ гардиданд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро матраҳ намуданд.

Ноябрь 16, 2015 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд