Ба шаҳри Кўлоб дигарбора газ омад
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Баъд аз таъхири сесола ба шаҳри Кўлоб дигарбора газ омад. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб 7 км қубурҳои газгузар аз кони гази «Каримбердӣ» то шаҳри Кўлоб насб шуданд. Давлат Муъминов, директори ҶСК «Кӯлобгаз» дар бастагӣ ба мавзӯъ гуфт: «Ҳоло зиёда аз 650 утоқи хонаҳои баландошёна ё 21 хонаи истиқоматии баландошёнаи маҳаллаи Шоҳини шаҳр бо гази табиӣ таъмин шудаанд. Ҳақки истифодаи газ барои як моҳ 16 сомониро ташкил медиҳад. Ба муддати зиёд набудани газ боис гашт, ки бархе аз сокинон қубурҳои газгузари утоқҳои худро канда партоянд ва ин ба раванди таъминоти газ ба аҳолӣ таъсир мерасонад. Масъулин мегўянд ҳанӯз миқдори гази интиқол мешуда барои таъмини пурраи аҳолии шаҳри Кўлоб кофӣ нест, аммо он барои таъмини хонаҳои баландошёнаи шаҳр басандагӣ мекунад. Коршиносон дар ҳоли маҳдудияти реҷаи барқ ва ваъдаи ҳавошиносон дар бобати замистони сарду тўлонӣ, иқдомоти мақомоти иҷроияро дар самти таъминоти газ беҳтарин туҳфа барои сокинони шаҳр медонанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






