Бадахшон: ифтихор аз Парчами миллӣ
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази вилояти Бадахшон бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад аз кӯдакони марказҳои инкишофи барвақтӣ сар карда, то ҷавонону кормандони идораҳои давлативу ғайридавлатӣ, ҳамагон бо Парчами миллӣ ва дигар овезаҳову рамзҳои давлатӣ дар роҳпаймоӣ иштирок намуданд. Роҳпаймоӣ то майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ давом ёфта, дар он роҳбарияти вилоят ҷамъомадагонро табрик гуфта, аз таърихи Парчами миллӣ ёдоварӣ шуданд ва бобати бузургии ин дирафши серангаи муқаддас сухан карданд. Зикр гардид, ки ҳамаи ин ободкориву шоҳкориҳои кишвари тоҷикон дар зери ин парчами бузург ва неруманд сурат гирифтааст ва тавонистааст, кулли тоҷикони дунёро ба ҳам оварад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки имрӯз ҳар як тоҷики рӯи замин, новобаста аз он, ки дар кадом гӯшаю канори дунё иқомат дорад, агар хештаншиносу миллатшинос бошад, бояд ки бо ин парчами муқаддас ифтихор дошта бошад ва бо миллати сарбаланди худ онро ҳифз намояд.
Дар баробари дигар чорабиниву озмунҳо, барномаи фарҳангӣ низ пешкаши ҷамъомадагон гардонида шуд.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






