Баргузории чорабиниҳои варзишӣ ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ
Хуҷанд, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ҷараён доранд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Дилшод Убайдуллоев хабар дод, дар доираи ҳафтаи ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатӣ дар варзишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ байни толибилмони мактабҳои миёна, литсею гимназияҳо ва ҳамзамон донишҷӯёни коллеҷҳову мактабҳои олии маркази вилоят доир гашта истодаанд.
То имрӯз мусобиқаҳо аз рӯи намуди варзиши сабук ва волейболу баскетбол байни духтарону писарон анҷом ёфта, мусобиқаҳо оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми “Қасри ҷавонон” ва бокс байни наврасони солҳои таваллудашон 2001-2002 ва 2003-2004 идома доранд.
21-24 ноябр дар варзишгоҳҳои шаҳр мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои якҳарбаи шарқӣ, гӯштини миллӣ, дзюдо, самбо, гӯштини тарзи озод, юнони румӣ оғоз ёфта, ҳамчунин 21 ноябр дар варзишгоҳи “Ҷашнӣ” — Фестивали варзишӣ доир хоҳанд гашт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






