Бархӯрди як мошин бо чор мошин дар шаҳри Норак
Душанбе, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -27-уми ноябри соли равон, ронандаи мошини тамғаи “Форланд” Абдурозиқ Назриев, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе дар роҳи нақлиётгарди Душанбе-Норак-Кӯлоб, дар ҳудуди шаҳри Норак, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Хоҷаев Маҳмадраҳим, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Кӯлоб, бархӯрда, сипас ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Назаров Далер Файзович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Данғара бархӯрдааст.
Баъдан мошини тамғаи “Форланд” ба машини тамғаи “Опел-Астра”, ки ба Муродов Уктам, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Ғончӣ тааллуқ дорад ва дар канори рости роҳ меистод, бархӯрдааст, ки мошини мазкур дар дарёи “Вахш” ғарқ шудааст. Ҳамин тариқ, мошини тамғаи “Форланд” боз ба мошини тамғаи “БМВ”, таҳти идораи Хайриев Садриддин Зайнуллоевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Данғара бархӯрда, мошинро ба соҳили дарёи мазкур чаппа кардааст.
Дар натиҷа ронандагони мошини тамғаи “Форланд”, Назриев А. Х., ва мошини “Опел-Астра” Д. Назаров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






