Баррасии бартараф кардани муаммоҳои экологӣ дар Суғд
Душанбе, 2. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Масъалаҳои бартараф кардани муаммоҳои экологӣ, ки аз даврони шӯравӣ дар вилояти Суғд боқӣ мондаанд, мавриди баррасии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва намояндаи комиссияи Аврупо Мартин Андерсен ва гурӯҳи мутахасисони ширкати «ВИЗУТЕК» — и кишвари Олмон қарор гирифтанд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар мулоқот зикр гардид, ки дар вилоят партовгоҳҳои радиатсионии комбинати металҳои нодир аз даврони шӯравӣ дар минтақаи Рухак бо номи партовгоҳи Деҳмой дар канори шаҳри Истиқлол мавҷуд аст. Роҳбари вилоят аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар бораи кам кардани таъсири онҳо ба муҳити зист ба гурӯҳи корӣ маълумот дод. Алҳол дар ин минтақаҳо сохтмони девор ва бо хок рӯйпӯш кардани партовҳои радиатсионӣ идома дорад.
Ин партовгоҳҳо дар вилоят ҳангоми истихроҷи Уран дар солҳои 1944-1990 ба вуҷуд омадаанд.
Мутахассисони ширкати «Визутек», ки дар ҷаҳон бо бурдани татқиқоти мукаммал барои камтаъсир кардан ва рӯйпӯш намудани партовгоҳҳо таҷрибаи зиёд доранд, иброз доштанд, ки барои ҳалли ин муаммои экологӣ омодаанд ба Тоҷикистон кумак намоянд, то корҳои иҷрошуда бо татқиқоти илмӣ асоснок шуда, таъсири ин партовгоҳҳо ба садсолаҳо аз байн бурда шаванд. Барои корҳои омӯзишӣ мутахассисони варзида аз Аврупо ҷалб мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ширкати «Визутек» бо баҳодиҳии вазъи муҳити атроф ва асосноккунии техникии иқтисодии рӯйпушкунии партовгоҳҳои радиатсионӣ машғул мебошад.
Лоиҳа бо маблағгузорӣ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






