Баррасии дастовардҳо ва таҷрибаи соҳаи офталмология дар Душанбе

Ноябрь 25, 2015 12:34

Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Якумин  анҷумани офталмологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26 ноябр дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат”баргузор хоҳад гашт.    Дар кори Анҷуман беш аз 600  намоянда, аз ҷумла намояндагони  созмонҳои байналмилалӣ, меҳмонон аз Русия, Беларус, Ҳиндустон, Эрон ва дигар давлатҳо ширкат хоҳанд кард.  Иштироки ҳамаи мутахассисони соҳаи офталмология (соҳаи тиб, ки чашмро меомӯзад) аз ҷумҳурӣ дар ин анҷуман дар назар аст.
Дар ҷараёни анҷуман баррасии дастовардҳои офталмологияи Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи ворид намудани технологияҳои муосир ба соҳа, роҳандозии ташхису табобати муосир ва ҷарроҳиҳои гаронарзиши чашм дар назар аст. 
Инчунин дар анҷуман намоишгоҳи маводи доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ, дастовардҳои асосии соҳа, адабиёти махсус ва маҳсулоти таъйиноти тиббӣ  ба маъраз гузошта мешаванд. 

 

Ноябрь 25, 2015 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид