БМТ: Таваррум дар сатҳи муътадил қарор дорад

Ноябрь 20, 2015 13:01

Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки таҳлили маълумоти омори расмӣ нишон дод, сатҳи таваррум дар кишвар нисбатан устувории худро нигоҳ дошта, дар интиҳои моҳи октябри соли ҷорӣ 0,5 фоизро ташкил намуд. Нишондиҳандаи мазкур дар моҳҳои январ-октябри соли равон 4,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 банди фоизӣ камтар аст. Таваррум дар зарфи 12 моҳ ба 5,4 фоиз баробар шуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ пасттар мебошад.
Яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ — меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон чун моҳҳои гузаштаи соли равон бе тағйир дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд.

Ноябрь 20, 2015 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд