Боздиди намояндагони Чин аз Академияи ВКД ҶТ
Душанбе, 5. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- 3 ноябр дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Академияи (Донишгоҳи) Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ба ин даргоҳи илм ташриф оварда буданд, вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Файзалӣ Шарифзода ва муовини директори Академияи (Донишгоҳи) Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин, профессор, полковники политсия Ли Тсян Хэ сухан карданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории минбаъда миёни Академияи (Донишгоҳи) Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар самти мубодилаи таҷриба дар самти илм, таълиму тарбия сухан рафт.
Меҳмонон оид ба фаъолияти донишгоҳи худ, пешрафту дастовардҳо ва тарзу усули беҳтари таълиму тарбияи он маълумот доданд.
Намояндагони донишгоҳи мазкур аз ҷараёни таълимии факултети № 1-и Академияи ВКД, шароити ба таҳсилу омодагии ҷисмонию ҳарбии курсантон шинос шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба меҳмонон аз номи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






