Боздиди Қ. Расулзода аз бунёди роҳ дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бунёди роҳ дар қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе -Қурғонтеппа шинос шуд.
Хотиррасон бояд кард, ки қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе -Қӯрғонтеппа иншооти муҳими иқтисодии мамлакат ба ҳисоб рафта, корҳои бунёди он моҳи марти соли 2009 бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардидаанд.
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бо ҷараёни корҳои бунёди роҳ дар қитъаи Ваҳдат аз мавзеи Элок то ба қисмати роҳ дар истгоҳи роҳи оҳани Ёвон шинос шуданд. Қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе -Қурғонтеппа масофаи 40,7 км роҳро дар бар гирифта, корҳои сохтмонии он ҳамзамон аз бунёди панҷ кӯпрук ва се нақби бузург дар роҳи оҳан иборат мебошад. Зимни шиносоӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили сари вақт ба анҷом расонидани корҳои бунёди нақбу кӯпрукҳо ҳам дар қисмати Ваҳдат ва ҳам дар қисмати Ёвон зоҳир шуд. Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги роҳсозии ватанӣ ва ширкатҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин корҳои бунёди нақбу пулҳои асосии қитъаи роҳи оҳанро вусъат мебахшад. Дар ситоди сайёри корӣ роҳбарону масъулони соҳаҳои дахлдори мамлакат барои тезонидани корҳо, дар муҳлати муқарраргардида ва мувофиқ ба талаботи роҳсозии муосир бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе -Қурғонтеппа вазифадор гардиданд. Мувофиқи маълумоти масъулини корҳои бунёди роҳ то имрӯз дар масофаи 34,7 км таҳкурсии роҳ омода шуда, дар 15,5 км қисмати болоии роҳи оҳан насб гардидааст.
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон сарвазири мамлакат бо корҳои сохтмони Корхонаи истеҳсоли криолит шинос шуд. Анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин корхона тобистони соли 2016 ба нақша гирифта шуда, ҳоло дар сохтмони он беш аз 380 мутахассис ҷалб шудаанд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол ба 12 ҳазор тонна креолит, 18 ҳазор тонна алюминии фтордор, 22 ҳазор тонна кислотаи фторит ва дигар маҳсулоти кимиёвӣ баробар буда, корхона дар доираи татбиқи лоиҳаи гузариш ба ашёи хоми маҳаллӣ бунёд мегардад.
Имрӯз ҳайати ҳукумати мамлакат ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли гипсокартон-«Хуаҷанд-Ғаюр индустриал» ва Корхонаи истеҳсоли сементи «Ҷунтай-Моҳирсемент» шинос шуданд. Иқтидори корхонаи истеҳсоли гипсокартон дар як шабонарӯз ба 10 ҳазор дона баробар буда, сохтмони он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ тарҳрезӣ гардидааст. Корҳои бунёди ин корхонаи саноатӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 220 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.








13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






