Боздошти хизматчии ҳарбӣ бо маводи нашъаовар
Душанбе 3.11.2015 (АМИТ «Ховар»)- Хизматчии ҳарбии яке аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир шуд.
Ин нафар аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд боздошт ва аз ӯ сумкаи полиэтиленӣ бо 2,5 кг ҳашиш мусодира гардид. Кормандони фаврӣ ҳаммаслаки ӯ — донишҷӯи курси якуми литсеи шаҳриро низ дастгир намуданд.
Нисбат ба ин нафарон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.
Инчунин тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар, дар чорчӯбаи гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015” дар ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 3 ҳазор бех ниҳоли бангдонаи худрӯй ошкор гардид, ки ҳамаи он дар ҳузури комиссия нобуд карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






