Буҷети маҳаллии шаҳри Роғун барзиёд иҷро гардид
Роғун, 9.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар нўҳ моҳи соли равон буҷети маҳаллии шаҳри Роғун, ки қисми даромадаш мутобиқи нақша 22 млн. 272,5 ҳазор сомониро ташкил медод, ба маблағи 25 млн. 221,4 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки ин нишондод 113%-ро ташкил медиҳад.
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ мутобиқи нақша 20 млн. 346,9 ҳазор сомониро ташкил медод, ки ин нишондод ба маблағи 21 млн. 640,6 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шуда, иҷрои он 106%-ро ташкил медиҳад.
Ҷамъи умумии даромадҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки тибқи нақша 42 млн. 621,2 ҳазор сомониро ташкил медод, ба миқдори 46 млн. 863,7 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 млн. 505,1 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Сабаби асосии дар сатҳи паст қарор доштани иҷрои хароҷоти буҷет ин маҳдуд намудани ҳар гуна хароҷоти бесамар ва дуюмдараҷа мебошад.
Асоси иҷро ва ғанигардонии буҷет- ин, албатта, ҷамъоварии андоз ва мавриди андозбандӣ қарор додани субъектҳои хоҷагидор ба шумор меравад. Тибқи нақшаи тасдиқшуда ҳамаи намудҳои андозу даромадҳо, ба ҷойи 75 млн. 738,5 ҳазор сомонӣ дар ҳаҷми 83 млн. 934,4 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нишондод 110 %-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






