Чаро дар Душанбе интиқоли неруи барқ бе огоҳӣ қатъ мегардад?
Душанбе, 18.11.2015 (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз аз соати 12 то 13-и рӯз дар маркази ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ 40, бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якбора интиқоли неруи барқ қатъ шуд. Ҳангоме ки масъулини АМИТ «Ховар», ки идораи он дар бинои МТС назди Президенти Тоҷикистон ҷойгир аст, бо мақсади муайян намудани сабаби якбора ва беогоҳӣ қатъ шудани интиқоли неруи барқ ба роҳбарияти шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе муроҷиат карданд, Маҳмадисо Наимов, роҳбари ин муассиса изҳор кард, ки коргарони шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе тибқи нақшаи тасдиқшуда ноқили барқро иваз намуданд. Бинобар ҳамин интиқоли барқ якбора қатъ шудааст. М. Наимов зикр кард, ки онҳо ҳамаи роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳоро аз тасмими қатъ кардани барқ пешакӣ огоҳ карда буданд, вале бо сабабҳои номаълум огоҳ намудани АМИТ «Ховар»-ро фаромӯш кардаанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ба мутасаддиёни Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ бо саволе муроҷиат кард, ки оё намояндагони ШБД (Шабакаҳои барқи Душанбе) ин муассисаҳоро аз нақшаи қатъ намудани интиқоли неруи барқ дар нисфирӯзии 18-уми ноябр огоҳ карда буданд, ҳамагӣ посух доданд, ки ШБК аз тасмимашон онҳоро огоҳ накардааст.
Дар баробари ҳамин, хабарнигори АМИТ «Ховар» ба роҳбарияти шабакаҳои барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо савол муроҷиат кард, ки чаро неруи барқ дар маркази пойтахт муддати як соат набуд? Сармуҳандиси идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шералӣ Раҷабов ба саволи хабарнигор чунин посух дод, ки интиқоли неруи барқ бо сабаби рӯй додани садама қатъ шудааст ва илова намуд, ки ҳоло сабабҳои рӯй додани садамаи мазкур, ки дар зеристгоҳи корхонаи шароббарорӣ ба амал омада буд, муайян мешаванд.
Аз ин тавр мухолифи ҳамдигар шарҳ додан ва баҳона ҷустани масъулини соҳа бармеояд, ки идораи шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе ба давраи зимистонгузаронии имсола омодагии пурра надорад. Ба ибораи дигар, сокинони пойтахт омода бошанд, ки идораи шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе бе огоҳӣ ва яку якбора метавонанд дар дилхоҳ корхона, идораву муассиса ва биноҳои истиқоматӣ интиқоли неруи барқро қатъ намоянд. Хуб мебуд, агар ШБД воқеан ҳам барои корҳои таъмириву пешгирӣ интиқоли неруи барқро қатъ карданӣ бошанд, пешакӣ масъулини корхонаву муассисаҳоро огоҳ кунанд ва дар сурати рӯй додани садамаҳои ғайричашмдошт онро пинҳон накарда, аз пай ислоҳи камбудиҳо шаванд.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1185 нафар занон беш аз 29 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






