Чкалов: вохӯрӣ бо мактаббачагон доир ба зарари нашъамандӣ
Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар гимназияҳои рақамҳои 1,2 ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4 ва №11-и шаҳри Чкалов дар ҳузури омӯзгорону хонандагон ва волидони хонандагони мактаби мазкур кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии маърифатӣ баргузор намуданд.
Намояндаи Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд доир ба иқдому ташаббусоте, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат бо гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои рӯҳтаъсир, прекурсорҳои онҳо ва пешгирии нашъамандӣ амалӣ мешаванд, ҳарф зада, тазаккур дод, ки ҳар фарди солимандешро мебояд бо дарки баланди ҳисси масъулиятшиносӣ ва меҳанпарастӣ дар таъмини фазои амну осоиши кишвар саҳм гирад.
Таъкид шуд, ки қабл аз ҳама омилҳои даст задани ҷавонону наврасон ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҷалб шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ ва сӯйистеъмоли ғайритиббии маводи нашъаоварро аз паст будани тарбияи хонаводагӣ ва беназоратии волидон бояд донист.
Дар баробари ин ба ҳозирин доир ба нишона ва оқибатҳои тиббии бемории нашъамандӣ, Вируси норасоии масунияти одам ва шеваҳои гирифторӣ ба он , аз ҷумла аз тариқи нашъамандии тазриқӣ ва масъулияти ҷиноии содиркунандагони ҷиноёти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумоти муфассал ироа шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






