Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Парчами давлатӣ оғоз шуданд

Ноябрь 21, 2015 10:49

Душанбе, 21.11.2015 (АМИТ “Ховар”). – Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикистон хонаи умеди ман” доир гардид.
Дар чорабинии мазкур 300 нафар донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Коллеҷи варзишии Тоҷикистон иштирок намуданд. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода оид ба таърихи парчами давлатӣ маърӯза намуда, сулҳу ваҳдат, созандагию ободкориро баракати  истиқлолияти давлатӣ маънидод намуд. Бо муроҷиат ба ҷавонон таъкид гардид, ки  донишу малакаи худро тақвият диҳанд ва барои баланд бардоштани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ  аз донишу малака, истеъдоду ҳунари хеш истифода намоянд, зеро парчам нишонаи миллат ва муаррификунандаи давлат аст. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ зимни суханронӣ аз ҷавонон даъват кард, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи давлати тоҷикон аст, ҳамеша тозаву озода нигоҳ дошта, барои муаррифӣ намудани миллат ва бардоштани Парчам дар арсаи ҷаҳон саъю талош намоянд, сиёсати роҳбарияти мамлакатро, ки асосаш созандагию ободкорӣ аст, дар амал фарзандонаву содиқона татбиқ намоянд. 

Ноябрь 21, 2015 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд