Чорабиниҳои оммавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчам дар Хуҷанд
Хуҷанд, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайяни ташкилӣ ҷараён доранд. Аз ҷумла, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави шаҳр бахшида ба ин рӯз чорабиниҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ доир гашта истодаанд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз бахши идеологияи мақомоти шаҳр иттилоъ доданд, дар доираи ҳафтаи таҷлили Рӯзи Парчам дар ҳамаи муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, хосатан мактабҳои олӣ, санъат ва касбию техники бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ чорабиниҳои мухталиф, чун вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва конфронсҳои илмию назариявӣ таҳти унвони “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон” ҷараён доранд.
Ҳамчунин барои насб кардани парчам ва шиору овезаҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру биноҳои маъмурӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои идона дар маркази шаҳр бо иштироки фаъолон, сокинону меҳмонон ва неруи созандаи кишвар- ҷавонон корҳои амалӣ ба анҷом расида истодаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






