Дар Афғонистон урдугоҳи калонтарини силоҳбадастон нест карда шуд
Душанбе, 02.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар ба хабари рӯзномаи «The Washington Post» -и Амрико, артиши ИМА бо дастгирии қувваҳои амниятии Афғонистон урдугоҳи тарбияи ифротиёнро, ки дар кишвар яке аз калонтарин ба шумор мерафт, нест кард.
Тавре ки фармондеҳи қувваҳои байналмилалии мададгори Афғонистон Ҷон Кэмпбелл хабар дод, урдугоҳи мазкур тайи 14 соли ҷанг иншооти калонтарини тарбияи силоҳбадастон ба шумор мерафт. Масоҳати урдугоҳ, ки дар вилояти Қандаҳор қарор дошт, қариб 78 километри мураббаъро ташкил медод. Қӯшунҳои Амрикою Афғонистон дар ҷараёни амалиёт дар ин минтақа қариб 160 нафар террористони «Ал — Қоида» — ро нест намуданд, — хабар медиҳад Агентии иттилоотии ТАСС. Назар ба иттилои васоити ахбори омма, барои роҳандозии амалиёт бо дастгирии фаъоли қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ якчанд рӯз зарур шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






