Дар Душанбе намоишгоҳи навбатии Чин доир мегардад
Душанбе, 04.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар ҷараёни Сафари кориаш ба шаҳри Урумчии ҶМЧ бо сардори Раёсати тиҷорати Ҳукумати Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғури ҶМЧ Ся Гуантай гуфтушунид намуд.
Тибқи иттилои ПСС Тоҷикистон, ҷонибҳо ба вазъу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин, ҳамчунин имконоти тиҷоратию иқтисодии ҳамкории дуҷонибаи кишварҳои дӯст таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, масоили таҳкими минбаъдаи муносибатҳо дар бахшҳои асосии иқтисодиётро баррасӣ карданд. Раиси ПСС — и ҶТ имкониятҳои зиёди Тоҷикистонро барои маблағгузории бахшҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон аз қабили истифодаи захираҳои табиӣ, иштирок дар маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва гидроэнергетикӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои асосӣ, аз қабили кишоварзӣ, истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, фаъолияти ширкатҳои Чин дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ зикр намуд.
Ся Гуантай сатҳи баланди ҳамкории мутақобилан муфиди байни давлатҳои ҳамсояро хотирнишон сохта, мақоми муҳими Тоҷикистонро дар татбиқи ибтикороти Роҳи бузурги абрешими «Як камарбанд, як роҳ» қайд намуд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқот тасмим гирифта шуд, ки охири моҳи сентябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва технологияҳои Чин доир намуда, форуми аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар ташкил карда шавад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






