Дар Исфара нашъаҷаллоб дастгир гардид
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Исфара бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини деҳаи Кӯлқанд дастгир шуд, ки аз ӯ бастаи полиэтиленӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.
Мутобиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистӣ маводи мусодирашуда навъи ҳашиш мебошад.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои иловагӣ ҳамиштирокдори ҷинояти мазкур — сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид, ки аз ӯ маводи нашъаовар харидорӣ шудааст.
Ҳоло тафтишот ҳамиштирокдорони боқимондаи ҷинояти мазкурро муайян намуда истодааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтиш давом дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






