Дар Китобхонаи миллии Туркия гӯшаи Тоҷикистон таъсис ёфт
Анқара, 07.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳафтаи равон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара вохӯрии Сaфири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо мудири Китобхонаи миллии Туркия Зулфӣ Томан баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти ба имзо расонидани Протоколи ҳамкорӣ байни китобхонаҳои ду кишвар матраҳ намуда, масъалаҳои мубодилаи таҷриба ва маълумот, омода намудани мутахассисон, ба роҳ мондани тарҷумаи асарҳои адабии шоирон ва нависандагони ду кишвар, ташкил кардани чорабинии фарҳангӣ бо намоиши китобҳо, эҷодиёт ва ҳунари санъати миллии тоҷикӣ дар толори Китобхонаи миллии Туркия ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маорифу фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.
Фаррух Шарипов ба Китобхонаи миллии Туркия як силсила китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва китобҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсати хориҷии давлатро тақдим намуд. Ба муносибати тақдими китобҳои мазкур дар Китобхонаи миллии Туркия гӯшаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки он ба ҳамаи хонандагон барои шиносоӣ бо кишвари мо дастрас мебошад.
Китобхонаи миллии Туркия соли 1946 таъсис ёфта, ҳоло дорои 4 миллион китоб, 9 миллион китоби электронӣ, 28 ҳазор дастнавис, 1 миллион кори илмӣ-тадқиқотӣ ва 3 ҳазору 500 маҷалла аст. Китобхонаи мазкур узви Конфронси китобхонаҳои миллии Аврупо мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






