Дар Озарбойҷон ҳизби ҳукмрон раъйи аксариятро ба даст овард
Душанбе, 02.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар интихоботи парлумони Озарбойҷон ҳизби ҳукмрони «Ени Азербайҷан» («Озарбойҷони нав») пирӯз шуд. Дар ин бора Комиссияи марказии интихоботии Озарбойҷон хабар медиҳад.
Намояндагони «Ени Азбербайҷан» аз ҷумла бонуи аввал Меҳрубон Алиева аз ҷумлаи 125 ҳавза дар 71 ҳавза пирӯз шуданд. Аз ин пеш ҳамсари президент Илҳом Алиев солҳои 2005 ва 2010 ду маротиба ваколатномаи Миллӣ Меҷлисро ба даст оварда буд.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар интихобот 55,7 фоизи овоздиҳандагон иштирок намуданд. Интихобот дар ҳамаи қитъаҳо баргузоршуда дониста шуд.
767 нафар номзадҳо барои 125 ҷой дар мақомоти қонунгузорӣ мубориза бурданд. Дар интихобот намояндагони 15 ҳизб иштирок намуда, боз ҳафт созмони сиёсӣ дар гурӯҳи «Азадлик — 2015» («Озодӣ — 2015») муттаҳид шуданд.
Дар Озарбойҷон қариб 5,2 миллион нафар ҳуқуқи овоздиҳиро доранд. Дар рӯзи овоздиҳӣ беш аз 5, 5 ҳазор қитъаҳои овоздиҳӣ фаъолият доштанд. Қариб 66 ҳазор нафар мушоҳидон, аз ҷумла беш аз 500 нафар намояндагони 27 кишвар ба қайд гирифта шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






