Дар Тоҷикобод Маркази рушди зеҳнӣ ва дастгирии истеъдодҳо таъсис ёфт
Душанбе, 9.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Чанде пеш дар ноҳияи Тоҷикобод Маркази рушди зеҳнӣ ва дастгирии истеъдодҳо таъсис ёфт. Марказ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис гардид.
Ҳадафи он дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд ва боистеъдод буда, сардор-тренери марказ Қосим Сайидаминов аввалин вохӯриҳояшро дар доираи нақшаи корӣ бо хонандагони синфи ёздаҳи литсейи хонандагони болаёқат, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ ва хонандагони литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Ҷиргатол баргузор намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






