Дарёфти 224 грамм ҳашиш аз сокини Норак
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-11 ноябри 2015 зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Норак сокини 28-солаи ҳамин шаҳр бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Ҳамчунин дар ин рӯз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе сокини 19-солаи ноҳияи Восеъ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 123,2-грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 230,7-грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Ҷамъи маводи нашъадори дарёфтшуда 577,9 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






