Дарёи Ому барои тавлиди энергияи барқ хеле муҳим аст
Душанбе, 10. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 таҳти шиори Дастгирии татбиқшавӣ ва мониторинги рўзномаи рушди устувор то соли 2030 дар минтақаи кишварҳои-аъзои СПЕКАва ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунанда дар СПЕКА дар ҳамоҳангӣ бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) имрӯз ба кори худ оғоз карда, то пагоҳ идома хоҳад ёфт.
Муовини раёсати ҳамкории минтақавии Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон Нақибулло Ҳафизӣ дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ Ховар чунин ибрози андеша намуд: Ман хеле хурсандам, ки имрӯз дар чорабинии СПЕКА иштирок дорам. Дар ҷараёни мулоқоти дурӯза мо умед дорем, ки масъалаҳои минтақа ва Афғонистонро муҳокима намуда, роҳи ҳалли мушкилоти мавҷударо пайдо намоем. Барои мо хеле муҳим аст, ки робитаамонро бо Осиёи Марказӣ беҳбуд бахшем, зеро аз тариқи Осиёи Марказӣ мо ба Аврупо васл мешавем. Хамчунин мо баҳри энергияи барқ робитаро бояд ба роҳ монем.
Имрӯз ман дар баёнияи худ зикр намудам, ки мо иконияти таҷдиди барқро дар Афғонистон дорем, аммо то вақте ки мо барқро тавлид накунем, онро аз Осиёи Марказӣ ворид хоҳем кард. Масъалаи муҳиме, ки мо мехоҳем ин ҷо баррасӣ кунем, мавзӯи дарёи Ому аст, ки байни Тоҷикистон ва Афғонистон мавқеъ дорад. Ин дарё барои тавлиди энергияи барқ хеле муҳим аст ва мо кӯшиш мекунем ин масъаларо бо давлати Тоҷикистон баррасӣ намуда, роҳи ҳалли мантиқии онро пайдо кунем.
Хотиррасон мекунем, ки барномаи СПЕКА аз 7 кишвари аъзо- Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иборат аст.
11 ноябр ҷаласаҳои Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 ва Шўрои роҳбарикунандаи он ба анҷом расида, дар асоси хулосаҳо ва тавсияҳои муҳими дахлдор ба Шўрои роҳбарикунандаи СПЕКА барои баррасӣ ва татбиқ пешниҳод мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






