Дастгир гардидани ноболиғони авбош

Ноябрь 21, 2015 04:47

Душанбе, 21.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино сокини 30-солаи кӯчаи Қазоқони пойтахт муроҷиат намуд, ки 18-уми ноябр шахсони номаълум дар кӯчаи Нусратулло Махсум тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, бародари 18-солаашро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо корди дар дасташон буда ду маротиба ба шикам ва рони пойи чапаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ҷавони 18-сола захмӣ шуда, дар беморхона бистарӣ гаштааст. 
Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ду ноболиғи 16 ва 17-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар авбошӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуданд. Ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

 

Ноябрь 21, 2015 04:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст