Даъвати ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ
Душанбе, 2.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар толори “Ошёни булбулон”- и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Конститутсия таҳти унвони «Биёед, ба китобхона равем» чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Директори Китобхона Сайфиддин Назарзода оид ба таърихи Сарқонуни кишвар ва моҳияти он сухан гуфта, созандагию ободкориро маҳсули сулҳу субот ва волоияти қонунҳо, ки аз сарқонун сарчашма мегиранд, маънидод намуд.
Зикр шуд, ки Конститутсияи ҶТ аз ғояҳои башардўстона иборат буда, инъикоскунандаи суннатҳои ғании халқи тоҷик ба ҳисоб меравад ва аз барҷастатарин намунаҳои фарҳанги ниёгонамон сарчашма мегирад.
Директори китобхона таърихи китобхона ва имкониятҳои онро муаррифӣ намуда, ҷавонон ва ҳаводорони илму донишро барои китобхонӣ ба китобхона даъват намуд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиб ва ҷалби донишҷўён ба китобу китобхона мебошад.
Дар чорабинӣ саҳначаи “Китоб-дӯсти беҳтарини инсон аст” аз ҷониби хонандагони Литсейи №2 шаҳри Душанбе намоиш дода шуд, ки ба ҳозирин ғизои маънавӣ бахшид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






