«Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ аз чоп баромад
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар») — Нашриёти «Хуросон — Медиа»-и шаҳри Хуҷанд «Девон»-и нисбатан мукаммали ашъори шоири маъруф ва суханвари мумтози нимаи дувуми асри XIX ва ибтидои асри ХХ Нақибхон Туғрали Аҳрориро бо тасҳеҳ, тавзеҳот ва пешгуфтори шоир ва муҳаққиқи тоҷик Нуралӣ Нурзод бо хати форсӣ ва сирилик рўйи чоп овард. Девон бар асоси нусхаи чопи сангии соли 1916 дар Бухоро интишорёфта ва муқоиса бо нашрҳои охир тасҳеҳ гардида, 331 ғазал, 11 қасида ба шумули “Фироқнома” (дар ҷавоби “Фироқнома” — Анварӣ ва Хоҷуи Кирмонӣ), 12 мухаммас, 5 мусаддас, 1 мусамман, “Соқинома”, “Наврўзнома”, чанд маснавии кўтоҳ бо номи «Арза”, маснавии нотамоми “Лайлӣ ва Маҷнун” ва 9 рубоии шоирро дар бар гирифтааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






