Дуздӣ аз дохили мошин
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, сокини 50-солаи шаҳри Панҷакент муроҷиат намудааст, ки 14-уми ноябри соли равон, тахминан соати 03:15 ҳангоми дар дохили бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе буданаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мошини шахсиаш тамғаи “Портер”, 2800-сомонӣ, 10000-рубли Федератсияи Русия, ду курткаи мардона ва як насоси электронӣ, ки арзиши умумиашон 4000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 18-солаи ноҳияи Муъминобод бо гумони даст доштан дар ҷиноятӣ дуздӣ дастгир шуд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтиш, давом дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






