Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфт

Ноябрь 23, 2015 14:15

Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути паёми телевизионӣ мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ шодбошу таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатиро “рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, давлатдории миллӣ ва мояи ифтихору сарбаландии хурду бузурги мамлакат” номида, ба муносибати ин ҷашни мубораки миллӣ кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро табрик гуфт ва орзу намуд, ки “парчами давлатии мо ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати тоҷик дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидон парафшон бошад”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатиро ҳамчунин “яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон” номида, таъкид дошт, ки “парчамдорӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи дерина дорад”. 

Бо ёдоварӣ аз таърихи чандҳазорсолаи парчамдории тоҷикон таъкид гардид, ки мардуми мо парчамро ҳамчун “нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома пайдо кардани ин суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо кардаанд”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: “Қадршиносӣ ва гиромӣ доштани парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами мо дар замони истиқлолияти давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст”.   

Дар пояи баландтарин парафшон кардани Парчами давлатиро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон “рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили куҳанбунёдамон” маънӣ дод.

Барои таҳкими суннати парчамдорӣ аз насли ояндасози кишвар тақозо карда шуд, ки “маъно ва моҳияти дар чунин баландӣ афрохта шудан ва ҳамеша парафшон будани парчамро дарк намоянд ва фаромӯш насозанд, ки ҳимоя ва афрохта нигоҳ доштани он вазифаи ҷонии ҳар як фарди соҳибватан мебошад”.   

Бино ба таъкиди Сарвари давлат “миллати тоҷик зери парчами миллӣ ба ваҳдату ягонагӣ расид ва мо минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори  ҷомеаи нав — ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ амалӣ мегардонем”.

Дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ кардани Парчами давлатии Тоҷикистон мояи ифтихори ҳар яки мо маънидод шуд, зеро он ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад.

Дар идомаи паёми табрикии Сарвари давлат омадааст: “Мо бояд чунин фазоеро фароҳам созем, ки минбаъд низ тамоми аҳли ҷомеа ва хурду бузурги кишвар таҳти Парчами давлатӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, барои вусъати амалҳои ободкорӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ омода бошанд”.

Изҳори бовар карда шуд, ки “меҳру муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи эътиқоду эътимод ба миллату давлат, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои ахлоқиву маънавии халқамон торафт бештару густурда мегардад ва мо таҳти парчами муқаддаси миллӣ бо заҳмати аҳлона ба эъмори ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин муваффақ мегардем”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди сухан орзу намуд, ки “дар оғози марҳалаи сифатан нави бунёди давлати пешрафта ва амалӣ гардидани нақшаҳои созандаамон парчами мо ҳамчун ҳумои бахт болои сари сокинони кишвари азизамон ҳамеша парафшон бошад”.

Ноябрь 23, 2015 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад