Энергетика ва амният-масъалаҳои меҳварӣ дар муносиботи Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 12.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ бо қаноатмандӣ аз натиҷаи мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Покистон зикр кард, ки сарони ҳар ду кишвар аҳамияти фаъолияти Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистонро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохтор, ки бо қарори муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис ёфт, таъкид карданд. Комиссия вазифадор шудааст, ки ҷаласаҳои худро дар як сол ду маротиба баргузор ва дар ҳошияи онҳо имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои энергетика ва бунёди зерсохтор баррасӣ намояд.
«Мо бори дигар зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистонро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ ва дигар таҳдидҳо ба амнияти минтақаву ҷаҳон таъйид намудем.
Ҳангоми музокирот мавзӯи ҳарчи зудтар дар қаламрави Афғонистони бародар пойдор намудани амну амонӣ аз мавзӯъҳои умдаи мулоқоти мо буд»,-таъкид намуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотии хеш дар Покистон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






