Эрдуғон: Туркия намехоҳад муносибатҳоро мураккаб созад
Душанбе, 26.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Раиси Ҷумҳурии Туркия рўзи чоршанбе бо баёни ин, ки кишвараш танҳо қасди дифоъ аз амнияти худро дошт, мегўяд, ки ин кишвар намехоҳад муносибатҳоро мураккаб созад.
Эрдуғон дар ҳузури соҳибкорону бозаргонон дар Истанбул гуфт, ин ҳавопаймо дар ҳарими ҳавойии Туркия мавриди ҳадаф қарор гирифта, аммо дар дохили хоки Сурия ба замин афтодааст ва ҳатто ду шаҳрванди Туркияро маҷрўҳ сохтааст.
Тибқи мавқеи Туркия, ду ҳавопаймои Русия бо назардошти ҳушдорҳо, ҳарими ҳавойии Туркияро нақз карданд, аммо Русия ин даъворо рад намуда, мегӯяд, ҳавопаймои Русия дар наздикии марзи Туркия дар фазои Сурия ҳадаф қарор гирифтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






