Файзобод: Беморхонаи ноҳия ниёз ба таҷҳизоти замонавӣ дорад
Файзобод, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои сардухтури ноҳияи Файзобод Фазлиддин Зубайдов беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод дар нуҳ моҳи соли 2015 дар ноҳияи Файзобод 2455 ҳолати таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2014 122 ҳолат зиёд аст. Соли равон дар беморхонаи марказии ноҳия 3848 нафар табобат гирифт, ки нисбат ба соли 2014 1012 нафар камтар мебошад. Инчунин то имрӯз дар беморхонаи мазкур 137 нафар гирифтори бемории саратон ба қайд гирифта шудааст, ки нишони зиёдшавии ин намуди беморӣ дар сатҳи ноҳия мебошад. Тибқи иттилои сардухтури ноҳия Фазлиддин Зубайдов барои муоинаи тиббии 13 собиқадори ҶДҶ, 18 ҷанговари интернатсионалист ва 5 осебдидаи садамаи Чернобил ба таври ройгон 13 ҳазору 791 сомонӣ доруворӣ ирсол шудааст.
Зикр гардид, ки мушкилоти беморхонаи мазкур надоштани таҷҳизоти замонавии озмоишӣ, дастгоҳҳои аксбардорӣ ва таъмири пурра надоштани бинои шуъбаи асаб мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






