Фаъолияти ҳафт ташкилоти қарзии хурд қатъ карда шуд
Душанбе, 16. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ» ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилоти қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ, бо қарорҳои навбатии худ н фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Хубҷамъ”, ҶДММ ТҚХ “Хазинаи Сомониён”, ҶДММ ТҚХ “Саодат сармоя”, ҶДММ ТҚХ “Кайёниён”, ҶДММ ТҚХ “Дӯстком”, ҶСП ТАҚХ “Дафтари молиявӣ”ва ҶСП ТҚХ “Барҳақ”- ро бо дархости онҳо оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардонид.
Зикр шуд, ки сатҳи миёнаравии молиявии ташкилоти мазкур тайи чанд соли охир дар бозори молиявии ҷумҳурӣ коҳиш ёфта буд.
Мутобиқи қарорҳои боло иҷозатномаҳои ин ташкилоти қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шудаанд, бозхонд мешаванд.
Ба замми ин, мақомоти ваколатдори ташкилоти қарзии хурди зикршуда вазифадор шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд. Комиссияҳои барҳамдиҳӣ уҳдадор гардидаанд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






