Фархор: Бозёфтҳо аз мавзеи Ҳазрати Чилтанбобо
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар») — Дар натиҷаи ковишҳо аз ҷониби бостоншиносони Федератсияи Русия ва Тоҷикистон аз мавзеи Ҳазрати Чилтанбобои ноҳияи Фархор нигораҳое дарёфт гардидаанд, ки ба охири асри 3 ва аввали асри 2-и пеш аз милод тааллуқ доранд.
Коршинос Азизулло Муродов дар ин маврид изҳори андеша намуда, мегӯяд, ки: «Нигораҳои пайдошуда ҳоло аз ҷониби коршиносони соҳавӣ мавриди ташхис қарор доранд. Баъди хулосаи онҳо бозёфтҳоро ҳатман ба тамошо хоҳем гузошт. Дар давоми 12 рӯз бостоншиносон зарфҳои кулолӣ, ороишоти занона ва ғайраро пайдо намудаанд. Нигораҳои ёфтшуда тахминро дар хусуси робитаи қавӣ доштани маданияти Саразму Фархор меафзоянд. Ҳоло ковишҳо дар ноҳияи Фархор аз ҷониби бостоншиносон идома доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






