Фаромадани сангпораҳо сабаби ба ҷарӣ афтодани мошин гардид
Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-15-уми ноябр дар роҳи нақлиётгарди Айнӣ-Панҷакент ҳангоми ҳаракати ронандаи мошини тамғаи “БМВ”, сокини 38-солаи н. Айнӣ дар ҳудуди деҳаи Навдонаки н.Айнӣ, ногаҳон аз кӯҳ санг афтида, ба болои мошини мазкур афтидааст. Дар натиҷа мусофири мошин- сокини 55-солаи ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнӣ ба мошини тамғаи “Хундай-Старекс”, ронандааш сокини 32-солаи ноҳияи Мастчоҳ аз кӯҳ сангпораҳо афтода, ба мошин бархӯрдаанд ва мошин ба ҷуқурии 300 метр чаппа шудааст. Ронандаи мошин ва мусофирони он: марди 68-сола, зани 58-сола ва духтарчаи 6-сола, сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Духтарчаи 2-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






