ХФА Русия суқути А321 — ро амали террористӣ хонд
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Суқути ҳавопаймои А321 дар Синай, ки боиси марги беш аз 220 нафар гардид, амали террористӣ мебошад. Дар ин бора сардори Хадамоти федеролии амнияти ФР Александр Бортников эълон дошт.
Садамаи бузургтарин дар таърихи авиатсияи Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ 31-уми октябр ба вуқуъ пайваст. Тайёраи ширкати «Когалимавиа» Airbus-321, ки аз Шарм ул-Шайхи Миср ба Санкт- Петербург парвоз мекард, дар нимҷазираи Синай суқут кард ва дар натиҷа ҳамаи мусофирон ва ҳайати сарнишинони он ба ҳалокат расиданд.
«Инро метавон бешубҳа амали террористӣ хонд», — гуфт А. Бортников зимни ҷаласа оид ба натаҷаҳои таҳқиқи сабабҳои суқути тайёра дар Кремл таҳти раёсати Президенти ФР Владимир Путин.
«Бино ба маълумоти мутахассисони мо, дар дохили тайёра маводи таркандаи худсохти дорои ҳаҷми то 1 кг эквиваленти тротил ба кор даромада, тайёраро дар осмон пора-пора кардааст. Далели ин қисмҳои ба масофаи дур парешоншудаи тайёра мебошад», — илова намуд Бортников.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






